Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносии ҷавонони фаъоли вилояти Суғд

176

Рӯзи 19-уми сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир гашт.

Дар ин чорабинии маърифатӣ роҳбарияти Раёсат ва сардорони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок доштанд.
Зимни мулоқот Аламшозода А.А. оиди мавқеъи ҷавонон дар тадбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат сухан ронда, иқдомҳои созанда ва ташаббускории онҳоро дар рушди давлатдорӣ, пешрафту тараққиёти ҷомеа ва ҳаёти осоишта таъкид дошт. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо барои ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳои таълиму ташаккулёбӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷавонон аз табақаи фаъоли қишри ҷомеа ҳастанд, ки ҳамкории онҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат карда, чунин ҳамкорӣ пайваста аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадр карда мешавад. Дар вохӯрии имрӯза низ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. ҷавонони фаъоли 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бо туҳфа, Сипоснома ва мукофотҳои моливу пулии Вазорати корҳои дохилӣ ҳавасманд намуд.

177178179180181

Ташкилкунандагони чорабинӣ дар хотима аз ҷавонон даъват карданд, ки ташаббускориро аз даст надода тарзи ҳаёти солимро дар байни ҳамсолон тарғиб намоянд. Ҳамчунин нерӯи созандаи худро барои рушду нумӯи Ватани маҳбуб масраф намуда бо рафтору амали намунавӣ номбардори ин сарзамин бошанд.
Акбар Шарифӣ, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика