Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти дуздии дучарха ва скутер

Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 21-уми июли соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ф.Анорқулов», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ҳамин ноҳия 1-адад дучарха, ки арзишаш 3500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 61-солаи сокини пойтахт ворид гардидааст, ки рӯзи 9-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 23:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 1-адад скутер, ки арзишаш 3500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаҳои 244, 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика