Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон, олами меҳр аст субҳу шоми ту!

169

Барои роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои (диаспораҳои) тоҷикони муқими шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки ҷиҳати иштирок дар ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими кушодашавии агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба Ватани хеш ташриф оварда буданд, дидани ободкориву созандагӣ ва дастовардҳои навбатӣ хеле хушҳолкунанда буд. Онҳо бо роҳбаладии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари иштирок дар тантанаҳои ҷашнии шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Роғун, инчунин тӯли як ҳафта аз бисёр ҷойҳои тамошобоб ва бунёдкориҳои Тоҷикистони азиз аз наздик шинос гардиданд.
Хусусан, дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни умумимиллӣ ва иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷашн, табъи болидаи мардуми тоҷик гувоҳи равшани пешравию муваффақиятҳои сокинони сарбаланди диёрамон мебошад.
Инчунин, боздид аз иншооти аср - Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва бо дили пурҷӯшу хурӯш кору фаъолият намудани кормандони нерӯгоҳ аз ояндаи боз ҳам дурахшони мамлакат дарак медод.
Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон зимни сафар ба Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти "Сиёма" дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти босуръати он шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо аз шароиту имкониятҳои мавҷудаи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”, аз он ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти фароғатии он ошно шуданд.
Дар идомаи сафар ҳамватанонамон ба қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ташриф оварда, ба шароити будубоши сарбозон шинос гардиданд.

170171172

Сарбозон дар ҳузури меҳмонон якчанд машқҳои омодагии худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин, тамошои гӯшаҳои зебою дорои манзараҳои ҷолиб - машқгоҳи саҳроии «Марғоб»-и ВКД, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ва Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» идомабахши сафари ҳайати гурӯҳ буд.
Зимни сафар ба ноҳияи Ховалинг бошад, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия Оромгоҳи Султон Увайсро зиёрат намуда, аз Дараи Мухтор ва корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва дигар мавзеъҳои ин ноҳия дидан карда, ин ҳама дастовардҳоро аз баракати соҳибистиқлолӣ донистанд.
Ҳамватанонамон бо бардоштҳояшон аз ин сафар хушҳол гардида, бо боварии комил иброз доштанд, ки халқи тоҷик зери сиёсати инсондӯстона ва бунёдкорона ба пешравиҳои аз ин ҳам назаррас ноил хоҳанд гардид. Дар охир намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ба роҳбарияти олии мамлакат ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика