Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти шартии «алик-малик»: Боздошти якчанд гурӯҳҳои қиморбоз дар ҳудуди пойтахт

456

Бо мақсади ба таври муфт ба даст овардани маблағ ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ ҳамеша инсонҳои кутоҳандешу сабукфикр даст ба иҷрои ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлуб мезананд. Бо роҳи фиребу маккорӣ аз ҳисоби дигарон ҷайби худро пур сохта, мехоҳанд зиндагонии осоишта дошта бошанд, ки ин амали ноҷавонмардона ба ҳисоб меравад. 

Як зуҳуроти номатлуб ва ғайриқонуние, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, ин аз ҷониби баъзе аз афрод ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» мебошад. Бояд гуфт, ки нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ ва решакан намудани ин амали ғайриқонунӣ бо дастури роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ахиран кормандони бахшҳои оперативии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо рейд ва чорабиниҳои оперативӣ амалӣ намуданд. Дар натиҷаи он якчанд гурӯҳҳои қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷӯҳи шаҳрвандон маблағҳои пулии онҳоро азони худ мекарданд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварда шуданд.
Аз ҷумла, шаҳрванд Баротов Муродалӣ Тошмадович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, дар назди Маркази савдои «Содот» ҳангоми ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул будан дастгир карда шуд. Бояд гуфт, ки номбурда гарчанде чандин маротиба барои ин кирдори ғайриқонунӣ дастгир ва нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, тарки ин одат накардаааст. Баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст меовард.
Вобаста ба ин нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи ин амалиёт дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 3-нафар қиморбоз дастгир карда шуд, ки онҳо асосан бо ивази маблағҳои пулӣ ба қиморбозӣ машғул будаанд.

457

Инҳо шаҳрвандон;
- Муқимов Муродалӣ Умарович, соли таваллудаш 1969, сокини н.Восеъ, кӯчаи А. Ҷомӣ, оиладор соҳиби 5-фарзанд;
- Раҳимов Фирдавс Сайвалиевич, соли таваллудаш 1890, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум, оиладор соҳиби 2-фарзанд;
- Акбаров Мансур Хайриддинович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Қосимова, оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошанд.
Зимни пурсиш муайян гардид, ки роҳбарии ин гурӯҳи қиморбозро шаҳрванд Муқимов Муродалӣ бар ӯҳда дошта, тақрибан муддати 10-сол мешавад, ки бо чунин роҳ зиндагонии худро пеш мебурдааст. Ӯ бар замми худ ба ин роҳи хато рафтан, чандин нафарони дигарро низ қиморбоз намуда, ба қавле як гурӯҳи қиморбозиро ташкил ва дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо қиморбозӣ ба ивази маблағ шаҳвандонро фирефта ва тамоми маблағҳои онҳоро аз они худ мекардаанд.
Шаҳрвандон хуб медонанд, ки агар нафаре ба доми онҳо афтод то охирин маблағи дар ҷайб дошта бозӣ ва ҷайби худро холӣ мекунад.
Чуноне зимни пурсиш худи онҳо мегӯянд, дар ин бозӣ ҳеҷ кас бурд намекунад ва он танҳо фиреб асту халос.
Бо дар назардошти ин нисбати номбурдагон бо моддаи 465 (Қиморбозӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар дар навбати худ, нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 5 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд.
Гузашта аз ин кормандони милитсия дар натиҷаи ин амалиёт як гурӯҳи дигарро низ дастгир намуданд, ки онҳо ба қавле ба шакли мудерн, яъне қиморбозии замонавӣ машғул буданд.
Инҳо шаҳрвандон:
- Абдусамадов Ёқуб Садриддинович, соли таваллудаш 1994, сокини н.Рудакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Зебуниссо,
- Абдураҳимов Зокирҷон Хайриматович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, кӯчаи Навбаҳор мебошанд.
Номбурдагон бо таъсиси латареяи ба қавле бурднок, ки ҳеҷ гоҳ касе бурд намекунад, дар маконҳои серодам, махсусан назди бозорҳо бо роҳи фурӯши он маблағҳои шаҳрвандонро азони худ мекардаанд. Чуноне зимни пурсиш худи гумонбаршавандагон тасдиқ намуданд, латареяи онҳо нархҳои гуногун дошта, вобаста ба зиёдии маблағи бурд ба латарея нарх гузошта мешудааст. Ҳар кадоме, ки латареяи рақами ҷуфт гирифт бурд мекунад, вале зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳеҷ гоҳ дар дохили зарфе, ки латарея фурухта мешавад, рақами ҷуфт вуҷуд надорад. Танҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳ ва фиреби шаҳрвандон нафаре аз шариконашон яке аз чунин латареяи рақами ҷуфтро кушода нишон медодааст, ки гӯиё бурд кард.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, ки дар амалу кирдорҳои номбурдагон баръало таркиби ҳуқуқвайронкунӣ мавҷуд аст, нисбаташон бо моддаи 465 (Қиморбозӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Суд дар дар навбати худ, нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 660-сомонӣ таъин намуд.

458

Бояд гуфт, ки мақсад аз таҳияи ин мавод он аст, ки шаҳрвандон махсусан ҷавонон фирефтаи ин гурӯҳи тақаллубкорону қиморбозон нашаванд. Чуноне рафти таҳлилҳо ва санҷиши маводҳои дар ин самт дастрасшуда нишон медиҳанд, ташкилкунандагони ин қиморбозиҳо асосан аз якчанд нафар иборат буда, танҳо барои ҷалби шаҳрвандону роҳгузарон ва фиреби онҳо дар байни шарикони худ бозӣ ташкил ва бурд ҳам мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ бурд нахоҳанд кард, ин танҳо фиребу маккорист.
Моддаи 465. Қиморбозӣ
1. Барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда ташкил кардани қиморбозӣ (картабозӣ ва ғайра) ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)
2. Барои иштирок дар қиморбозӣ ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок дар ҷойҳои муқаррарнашуда, инчунин аз тарафи шахсони алоҳида пазируфтани ставкаҳо (ҳуқуқпулӣ) дар бозиҳои варзишӣ ва дигар қувваозмоиҳо, —
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —

460459

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия, сардори Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика