Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили шеъру суруд бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

115

Имрӯз (06.09.с.2019), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили шеъру суруд баргузор гардид. Дар чорабинӣ шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Назри Яздон, мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атоев, сарояндагони шинохта ва ҳайати шахсии ВКД иштирок намуданд.

114116

Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон Истиқлолиятро дастоварди таърихӣ, мояи ифтихор ва сарчашмаи нерӯбахши мардуми сарбаланди тоҷик арзёбӣ намуд. Мавсуф вобаста ба Истиқлолият, якпорчагӣ ва Ваҳдати миллӣ порчаҳои шеърӣ аз ашъори худ қироат намуда, бо тафсири порчаҳои шеърӣ дастовардҳои замони истиқлолро беназир хонд.
Мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атоев вобаста ба таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдорӣ, осоиштагӣ ва сарҷамъии миллат, хизматҳои шоистаи Роҳбари давлат ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.
Сурудҳои ватандӯстонаи сарояндаи шинохта Соҳиб Назрӣ рӯҳу илҳоми иштирокчиёни маҳфилро болида гардонид.

117118

Дар анҷоми чорабинӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Саидзода Муродалӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика