Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдому ташаббус бифузуд Истиқлол

109

- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад ва маҳз Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

110

Ба ин маънӣ Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад, - иброз намуд сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ, ки рӯзи 5-уми сентябр дар толори ин Сарраёсат бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии Сарраёсати мазкур ширкат варзиданд.
Сардори СХДО дар идомаи ҷаласа зикр кард, ки дар баробари ташаккули давлати соҳибистиқлоламон Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД низ бо шарофати Истиқлолият ба пешравиҳои зиёд ноил гардида, дар рушду тараққиёти кишвар бо қадамҳои устувор нақши сазовор гузошта истодааст.
Мавриди қайд аст, ки танҳо дар давраи Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла биноҳои наву замонавӣ барои кормандони ХДО дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Сангвору Нуробод, Ховарону Восеъ, Айниву Навобод ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2016 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт бинои нави хуштарҳу замонавии Дидбонҳои алоҳидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Нуробод ба истифода дода шуд.
Дар ин раванд, соли 2018 низ бо иштироки Президенти кишвар барои бунёди иншооти Муассисаи давлатии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон санги асос гузошта шуд, ки айни замон сохтмони он босуръат идома дорад.
Ҳамчунин, соли равон дар рафти сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз ду бинои қисмҳои оташнишонӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Балҷувон бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.
Қобили қайд аст, ки дар се соли оянда ҳам дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷузъу томҳои Сарраёсат биною иншоот ва инфрасохтори таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Тоҷикобод, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Данғара ва Муассисаи таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ» тибқи нақша сохтмонашон ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода мешаванд.
Сардори СХДО генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода дар охир бо изҳори ниятҳои нек бори дигар ҷашни фархундаи Истиқлолиятро ба тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа табрик намуда, ба онҳо тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзунро орзу намуд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев - Маҳмудҷон Алиев, Бунафша Шокирова, Гулпарӣ Орифова ва Алишер Қаноатзода барномаи консертӣ пешкаш гардид.

111112113

Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба сардори СХДО генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ордени «Шараф» тақдим карда шуд. Инчунин, ба истиқболи Истиқлол зиёда аз 50 нафар кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби ВКД ва СХДО бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ, Сипоснома ва Раҳматномаҳо мукофотонида шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuno

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика