Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси сулҳ бо иштироки кормандони милитсия

97

Бахшида ба “Рӯзи дониш” рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корхои дохилӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои ҳудуди пойтахт ташриф оварда, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимиро бо оғози соли нави таҳсил ва арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику тахният намуданд.
Аз ҷумла, кормандони хадамоти мазкур бо хонандагони муассисаи таълимии №1, Муассисаи таълимии хусусии литсейи “Роҳнамо” ва МТМУ №21-и пойтахт вохӯрӣ доир намуданд. Зимни сӯҳбат бо толибилмон бахусус хонандагоне, ки бори нахуст ба муассисаи таълимӣ қадам гузоштанд, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корхои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор кайд кард, ки омӯзгорон барои шумо фарзандон азиз, падару модари маънавӣ маҳсуб меёбанд, зеро шумо аз онҳо ҳарфи аввал меомӯзед.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки саҳми намояндагони илму адаб баҳри тарбияи наслҳо беандоза буда, дар ҳама давру замон аз худ нақши муассир мегузоранд.Таълиму тарбия ва омӯхтани илму дониш, ки яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, зери таваҷҷӯҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати андухтани донишу маърифат тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудаааст.

9899100

Илова бар ин зикр карда шуд, ки ҳамасола рӯзи 1-сентябр ҳамчун “Рӯзи Дониш” дар саросари кишвар бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад, ки мақсад аз ин ҳамеша дар сарзамини тоҷикон сулҳу дӯстӣ, рафоқату якдигарфаҳмӣ порбарҷо ва устувор бошад.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор ба хонандагони синфҳои болоӣ аз оқибатҳои фоҷиабор ва даҳшатноки ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳар як сокини кишварро мебояд ба қадри Ваҳдат ва якдилӣ расида, баҳри пойдории он саҳмгузор бошад.
Дар интиҳои суханронӣ ба хонандагон хониши хубу намунавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида таманно карда шуд.
Эҳсон Абдуллозода
Абдулло Шоҳиён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика