Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир намудани ҷинояти куштор дар ҳолати мастӣ

Рӯзи 31-уми августи соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: О.Р., соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ва С.М., соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Чилмеҳроби ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, рӯзи 26-уми майи соли 2019, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматии навбунёди С.М., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод, дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, бо М.А., соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, О.Р. бо дастаи бели хоҷагӣ 1 маротиба ба пушти сари М.А. зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъдан, номбурдагон бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти мазкур ҷасади М.А.-ро дар замини ҳавлии истиқоматии мазкур дар чуқурии 1,5-метр гӯр кардаанд.
Нисбати О.Р. ва С.М. бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика