Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ ва фирори ронанда аз ҷойи ҳодиса

54Рӯзи 31-уми августи соли 2019, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Зафаров Ардашер Парвинович, соли таваллудаш 2010, сокини деҳаи Дар-Дар, хонандаи синфи 4-уми МТМУ-ро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Дар натиҷа, ноболиғ Зафаров А.П. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия “дар гармо-гармӣ” ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Фурланд», Исрофилов Зарифҷон Мухторович, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Дар-Дар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика