Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани 2 ҳолати дуздии телефонҳои мобилӣ

152Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 21-солаи сокини кӯчаи Ҳисораки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми августи соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Хонр-9», ки арзишаш 2200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини кӯчаи Ҳисорак бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика