Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод

491

Рӯзи 29-уми августи соли 2019 вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал - майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони ноҳияи мазкур дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, оқибатҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он» баргузор гардид.
Сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ҷамъомад, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, омӯхтани илму дониш ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
«Мавриди зикр аст, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари бузург табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Дар ноҳияи Тоҷикобод шаҳрвандоне ба қайд гирифта шудаанд, ки имрӯзҳо аз гумроҳӣ дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд ва ё дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд», - чунин иброз дошт, зимни баромад Азизулозода С.А.

492493

Мавсуф дар хотимаи суханронӣ аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии гаравидани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона бурда, бетараф набошанд.
Инчунин дар раванди вохӯрӣ ба саволу дархостҳои сокинони ноҳияи мазкур ба таври мушаххас посух дода шуд.
Мавриди қайд аст, ки дар ин вохӯрӣ як гурӯҳ кормандони РВКД дар вилояти Суғд, ки дар Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт истироҳат менамуданд, ширкат варзиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика