Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Сӯзонидани воситаҳои нашъадор аз рӯи 256 парвандаи ҷиноятӣ

488

Рӯзи 29 августи соли равон кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо иштироки комиссияи махсус аз ВКД чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани воситаи нашъадор доир намуданд. Далелҳои шайъӣ наздик 700 килограм намудҳои гуногуни воситаи нашъадор, ки ҳалнома ва таъиноти судиашон ба тасвиб расидааст аз ҷониби ҳайати комиссия барои несту нобуд кардан пешниҳод ва чорабинӣ бо иштироки намояндагони ВАО, мақомоти прокуратураю суд ва дигар сохторҳои марбута баргузор гашт.
Ҳамагӣ барои несту нобуд кардан аз рӯи 256 парвандаҳои ҷиноятӣ воситаҳои нашъадор таҳти назорати комиссия маҳв карда шуданд. Аз ҷумла, 25 кг 265 гр героин, 422 кг 688 гр ҳашиш, 143 кг 892 гр афюн, 37 кг 214 гр бангдона, 5400 ниҳоли кукнор, 94 ниҳоли бангдона, 9 ампула фенобарбитал, дар асоси иҷроварақаҳои судӣ барои несту нобуд кардан омода ва дар оташдон дар ҳарорати зиёда аз 1000 дараҷа гармӣ сӯзонида шудаанд. Мухаддароти сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд аст, ки дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст.
Мусодираи маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои фаъолиятест, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шуда, ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамотҳои мақомот ба ин самт таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

489490

Чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани воситаи нашъадор идомаи мантиқии мубориза бо гардиши маводи мухаддир буда, барои ба пуррагӣ аз муомилот мондани воситаи нашъадор мусоидат менамояд.

Акбар Шарифӣ, капитани милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика