Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

368

369Имрӯз (30.08.с.2019), дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлолият – неъмати волои миллӣ” баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони Академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур иштирок намуданд.
Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Зикр гардид, ки Истиқлолият дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик буда, мояи ифтихор ва сарчашмаи нерӯбахши мардуми сарбаланди тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то руз рушд намуда, ба дастовардҳои бузурги аср шарафёб гардида истодааст.

370371

Дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои таърих, профессор Худобердӣ Холиқназар дар мавзӯи “Истиқлолият барои миллати тоҷик чӣ маъно дорад?” суханронӣ намуд. Мавсуф вобаста ба таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдорӣ дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин дигар иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба мавзӯъҳои “Истиқлолияти давлатӣ – марҳилаи нави давлатдорӣ ва рушди кишвар”, “Нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ” андешаронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, барои ҳимояи марзу бум ва ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолият камари ҳиммат бандад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Абдуллозода Эҳсон
Саидзода Муродалӣ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика