Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истироҳати кормандони милитсия дар осоишгоҳи «Шифо»

204

Ҳамасола бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ барои истироҳат ва табобат ба осоишгоҳҳои фароғатӣ-муолиҷавӣ ва истироҳатгоҳҳои ВКД сафарбар карда мешаванд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 17-уми август як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷузъу томҳо бо роҳбаладии корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Алиҷон Акобирзода барои истироҳату фароғат ба осоишгоҳи табобативу истироҳатии «Шифо»-и ВКД, ки воқеъ дар деҳаи зебоманзари Гармчашмаи ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошими ВМКБ воқеъ мебошад сафарбар гардиданд.
Меҳмононро муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо пешвоз гирифт.

459462463

Тавре кормандон иброз намуданд, осоишгоҳи мазкур бо дастгирии ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ таъмин гардида, барои истироҳаткунандагон тамоми шароитҳои иҷтимоӣ-маишӣ ва ба муолиҷаву табобат фарогир шудан муҳайё карда шудааст.
Ҳамчунин, истироҳаткунандагон метавонанд дар баробари муолиҷа ва табобат, ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд.
Баҳри болидахотирии меҳмонон аз тарафи санъаткорони ноҳияи Ишкошим барномаи консертӣ манзур карда шуд.
Истироҳаткунандагон аз ин иқдоми наҷиби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро хушҳол гардида, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика