Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ ба сайёҳи итолиёӣ

416

Шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомило, соли таваллудаш 1959, ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада муроҷиат намуд, ки сумкаашро дар роҳи Хуҷанд-Душанбе гум кардааст ва инчунин мототсиклаш низ вайрон шудааст, бинобар ҳамин аз милитсияи сайёҳӣ ёрии ҳуқуқӣ талаб намуд.
Дар натиҷа, кормандони милитсияи сайёҳӣ ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расониданд ва мототсикли ӯро таъмир намуда, то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо автомашинаи хизматӣ бурда расониданд.

417

Шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомило аз ин амали кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ бениҳоят хушҳол гашта, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман боз меояд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика