Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории самимии сайёҳи хориҷӣ ба кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ

412

Рӯзи 8-уми августи соли 2019, сайёҳи хориҷӣ, шаҳрванди давлати Австралия Алфредо Стефан Ричард, соли таваллудаш 1973, дар ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт.
Номбурда оиди ба садама дучор шуданаш ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ тавассути телефон муроҷиат намуда, кӯмак хост. Кормандони шуъбачаи мазкур фавран кормандони милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ҷои ҳодиса сафарбар намуданд.
Аз тарафи кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ ба ӯ ёрии таъҷилӣ расонида шуда, бо автомашинаи милитсияи сайёҳӣ номбурдаро ба шаҳри Хоруғ оварда, сипас бо дастгирии милитсияи сайёҳӣ ӯро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

413414415

Сайёҳи хориҷӣ, шаҳрванди давлати Австралия Алфредо Стефан Ричард ба кормандони милитсияи сайёҳӣ барои кӯмак ва дастгирӣ миннатдории самимии худро изҳор намуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика