Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 12-уми августи соли 2019, тахминан соатҳои 23:00, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 35-сола ҷангу ҷанҷол намуда, фарзандони ноболиғи худ: писарбаччаи 8-сола ва духтарчаи 6-соларо аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Гули-Сурх бурда, дар роҳ аз мағоза 1-адад корд харидорӣ карда, писарашро бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задаааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Оид ба ҷинояти рухдода тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>