Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар

Санаи 12-уми августи соли равон тахминан соатҳои 20-05 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Саната” рақами қайди давлатиаш 06-63 ВХ 01, шаҳрванд Раҷабов Фахриддин соли таваллудаш 1967 истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар километри 121-650-и шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Маданият, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард И.Шерматови ноболиғро пахш менамояд. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, И.Шерматов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Санаи 13.08.2019 сол тахминан соатҳои 06.20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами қайди давлатиаш 24-68 АВ/03, шаҳрванд Баротов Шодӣ соли таваллудаш 1963 истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, дар 110 километр, идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 09-38 ДО/01, таҳти идораи ронанда Бобоев Баҳодур истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 09-38 ДО/01, ноболиғ Бобоев Ҷ, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №43, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ронанда, Бобоев Б. Бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ гардидааст.

Инчунин дар санаи мазкур тахминан соатҳои 01.05 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан» (махсуси сӯзишворикашанда), рақами қайди давлатиаш ТҶ 19-30 ВН/03, шаҳрванд Давлатов Фарҳод соли таваллудаш 1991 истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар 150 километр, деҳоти Хушекати ноҳияи Айни, аз ӯҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба ҷарии ҷуқуриаш тахминан 300-метр автомашинаро чаппа намуда, таркиш ба амал омадааст. Дар натиҷа ронанда, Ф.Давлатов ва мусофираш Саидов И., истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон О.Тӯраев ва С.Тӯраев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ҳодисаҳои зикргардида таҳқиқ идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика