Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасӣ дар давоми 24 соат: ҳабси маъмурии боз як ронандаи бадахлоқ барои дастдарозӣ ба ҷавондухтар

411

Санаи 12-уми август тахминан соати 20:20 дақиқа як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид.
Баъди нашри муроҷиат бо супориши Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ милитсияи пойтахт сафарбар карда шуданд.
Ҳамагӣ баъди 1 соати нашри муроҷиат кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дастрас намуданд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Иҳломиддинович соли таваллудаш 16.06.1992 сокини н. Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «ВАЗ-21014» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад. Номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор гардида, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 12-уми август тахминан соати 20:20 дақиқа, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади ш. Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 13 август бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика