Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона дар РВКД вилояти Суғд

448

Рӯзи 10 август бахшида ба Иди Қурбон тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати дастрасии кормандони милитсия ба маҳсулоти озуқавории нисбат ба бозор арзон дар саҳни бинои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ибтикори роҳбарияти Раёсат ярмарка-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил карда шуд.

Дар ин ярмарка маҳсулотҳои ниёзи аввал гушт, равған, тухм, макарон, орд, навъҳои гуногуни ширинию мевагӣ ва полезию сабзавот аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қаланфури булғорӣ, помидор, боимҷон, тарбузу харбуза ва дигар маҳсулоти хӯрока ба фурӯш гузошта шуда, сифати хуб ва нархи он нисбат ба бозор аз 30 то 50% арзон буд.

449450

Ташкили чунин ярмаркаҳо дар арафаи ҳама гуна маросимҳои идона дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика