Рӯзи 9-уми августи соли 2019, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, Мирзоев Мирзо, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди байни деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштиҷ, аз самти ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ба самти деҳаи Калининобод, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол, Абдуғаффорова Маҳина Олимбековна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Муҷунро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Абдуғаффорова М.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>