Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти назарраси кормандони БДА дар ВМКБ

80Танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ самти асосии фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ба хотири коҳиш додани ҳолати садаманокӣ дар роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста чораҳо андешида мешаванд. Зимни суҳбат бо сардори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бахтиёр Вайсзода, номбурда изҳор намуд, ки дар натиҷаи андешидани як қатор чораҳои пешгирикунанда муяссар шуд, ки теъдоди садамаҳои нақлиётӣ дар 6 моҳи аввали соли равон кам гарданд. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ, аз ҷумла бо ронандагону мусофирон ва пайваста гузаронидани рейду амалиётҳои пешгирикунанда натиҷаи дилхоҳ доданд.

- Агар дар нимсолаи аввали соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 11 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли равон 9 ҳолатро ташкил медиҳад. Аммо, ҳарчанд садамаҳои нақлиётӣ кам гардиданд, вале мутаассифона, шумораи онҳое, ки дар натиҷаи ин гуна ҳодисаҳои нохуш ба ҳалокат расиданд, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфтанд. Шумораи маҷруҳшудагон низ давоми соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст, - изҳор намуд Бахтиёр Вайсзода.
Аз сардори ШБДА РВКД дар ВМКБ пурсидем, ки дар давраи сипаригаштаи соли равон кадом намуди қоидавайронкуниҳо бештар рӯ ба камшавӣ ниҳоданд? Ба андешаи полковники милитсия Бахтиёр Вайсзода, пеш аз ҳама, қоидавайронкуниҳое ба мисли идора кардани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, рондани мошин бе рақами қайди давлатӣ, бе муоинаи техникӣ, вайрон кардани қоидаи мусофиркашонӣ, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо ва дигар қоидавайронкуниҳо дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли сипаришуда имсол кам гардиданд.
Аммо, дар навбати худ, ҳамсуҳбати мо аз афзудани қоидавайронкуниҳое ба мисли идора намудани воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, рондани мошин дар ҳолати мастӣ, ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон, вайрон намудани қоидаи сабқат ва ғайра ёдовар шуда, иброз намуд, ки ин гуна қоидавайронкуниҳо дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти фаврӣ-хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсияи вилоят, хусусан нозирони роҳи ин минтақаи дурдасти кишвар зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре полковники милитсия Бахтиёр Вайсзода иброз намуд, бо вуҷуди яке аз самтҳои асосии фаъолияти БДА бо роҳи ошкору пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нақлиётӣ ва ҷарима намудани вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб меравад, инчунин нозирони роҳи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар дигар масъалаҳо низ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд. Аз ҷумла, аз тарафи онҳо дар ин давра 15 адад силоҳ мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ҳамчунин, кормандони БДА-и ин қисмати кӯҳистони Тоҷикистон дар дигар самтҳои фаъолияти хизматӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, ки тавре масъулини ин ниҳоди муҳими мақомоти корҳои дохилии ВМКБ ба мо иброз доштанд, ҳамаи ин аз беҳтар шудани шароити корӣ ва дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун пештара минбаъд низ баҳри ба низоми муайян даровардани ҳаракати нақлиёт ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Абдулло ШОҲИЁН,
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика