Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, моҳи августи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурх даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Яккабогӣ, маблағи пулӣ 50 000 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафишот идома дорад.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 69-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки соли 2008 дар ҳудуди шаҳри Душанбе марди 69-солаи сокини деҳаи Чавалайи ноҳияи мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Чавалай, маблағи пулӣ 10 000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика