Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасӣ ва тасдиқи маводи инъикоснамудаи корбари “Фейсбук”

98

Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маводи инъикоснамудаи корбари фаъоли “Фейсбук”, рӯзноманигор Шамс Фозилов таҳти унвони “Ба ҷои узру маъзарат ҳақорату таҳдид шунидем”, оид ба муносибати дағалона ва бо қоидавайронкунӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», бо рақамҳои 6444 СР 01, ки ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашӣ машғул буд, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.

99

Муроҷиати дарҷгардида дар асоси супориши хаттии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини хадамотҳои оперативии Раёсат дар якҷоягӣ бо Шуъбаи БДА мавриди санҷиш ва чораҷӯии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, ронандаи воситаи нақлиёт боздошт ва ба милитсия дастрас карда шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, аломати қайди давлатиаш 6444 СР 01 ба шаҳрванд Сафаров Ҷамшед Ғоибович, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) машғул будааст.
Илова бар ин муайян гардид, ки далелҳои дар мавод инъикосгардида ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфтанд. Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомашинаи мазкур дар ҳақиқат номбурда ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, ҳамзамон бо суръати баланду сабқати нодуруст автомашинаи худро идора мекардааст, ки ин амал метавонад боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш гардад. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сафаров Ҷамшед бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуда, дар асоси Қарори Суд ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 540 сомонӣ ситонида шудааст.

100

Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин самт андешаи муаллифи матлаб оид ба инъикоси вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқиро бо мақсади пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷонибдорӣ намуда, аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 муроҷиат намоед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика