Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми марҳилаи дувуми амалиёти «Нелегал-Тобистон» дар вилояти Хатлон

94

Аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои супориши роҳбари ситоди миллӣ таҳти рақами 42/7-1487 аз санаи 2 апрели соли 2019 «Оид ба гузаронидани марҳилаи дувуми «Нелегал-Тобистон» дар давоми рӯзҳои 16 то 19 июли соли 2019 дар ҳудуди вилоят амалиёти «Нелегал-Тобистон» гузаронида шуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Бо мақсади ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзур намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд кормандони ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардиданд.
Амалиёт дар 27-бозорҳо, 19-меҳмонхонаҳо, 312-нуқтаҳои хизматрасонӣ, 2-фурудгоҳ, 2-вокзали роҳи оҳан, 241- манзили истиқоматии шаҳрвандони хориҷӣ гузаронида шуда, инчунин 980 шаҳрванди хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон як қатор ширкатҳое мавҷуд мебошанд, ки дар он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият намуда, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин ширкатҳо аз қабили ҶДММ «Моҳир Семент», Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Ҷжунтай Хатлон син Силу», ҶДММ «Леваканд», ҶДММ «Водии зарин», ҶДММ «Бозори Ҳоҷи Шариф» ва ғайраҳо мебошанд.

9596

Дар давраи амалиёти «Нелегал-Тобистон» 3-нафар шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон намудани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо моддаи 138 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба мақомоти салоҳиятдор пешниҳод карда шуд.
Бояд қайд кард, ки мақсади асосӣ аз гузаронидани амалиётҳои муштарак таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияту осоиштагии мардум, таъмини волоияти қонун, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор рафта, амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика