Рӯзи 20-уми июли соли 2019, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хафей», Абдуллоев Шараф Облоқулович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент, ронандаи хатсайри №6-и шаҳри мазкур, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Нуристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Азимова Зарина Арзиқуловна, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Нуристонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Азимова З.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>