Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тафсилоти нав оиди ҳодисаи оташ задани ноболиғ Осия Зулфонова

366Ёдовар мешавем, ки санаи 19 июни соли 2019, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардида буд. 

Санаи 30.06.с.2019, зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия, ки дар беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе, шуъбаи бемориҳои сӯхта бистарӣ гаштааст, ташриф овард. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро мӯътадили вазнини миёна арзёбӣ кард. Эдгар Бимер аз рӯи таърихи бемории Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш, бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст. Лозим ба таъкид аст, ки ин табиб тариқи ройгон ба ноболиғ Зулфонова Осия кӯмак мерасонад.
Номбурда изҳор дошт, ки дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.
Илова бар ин, муайян карда шуд, ки ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13 сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошааст ва номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.
Дар айни замон ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд.
Ҳодисаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика