Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Беҳтарин ровӣ» бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

384

Бо мақсади баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар байни наврасону ҷавонони ВМКБ бо иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи хуқуқ ва таъмини амният дар вилоят дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни «Беҳтарин ровӣ»-и шеър таҳти унвони «Санои ватан» доир гардид.
Натиҷагирии озмун ба таври як чорабинии тантанавӣ дар толори РВКД дар ВМКБ бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини Раиси ин вилоят Назира Амирбекзода баргузор гардид.Озмуни «Ровии беҳтарин» дар муддати ду моҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома ёфта, даври ниҳоии он ҷамъбаст гардид ва беҳтаринҳо муайян карда шудаанд.

385386

Ҳадафи баргузории чунин озмун кашфи истеъдодҳои нав буда, он ба хотири 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ ташкил карда шуд. Ғолибони озмун ба таври шаффоф аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардида, се ҷойи аввал ба Амирҳайдар Давлатҷонов аз ноҳияи Дарвоз, Давлатбегим Назаршоева аз шаҳри Хоруғ ва Давлатманд Чоршанбиев аз ноҳияи Рӯшон дода шуд. Зайнура Ниҳолова аз ноҳияи Шуғнон, Аслам Низомов аз ноҳияи Ванҷ ва Манижа Бекмамадова сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.Се иштирокчии дигари озмун Умеда Донаёрова, аз ноҳияи Роштқалъа, Давлатбегим Акбархонова аз ноҳияи Ишкошим ва Кишвар Амиршоев аз шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин аз ҷониби дигар идораву муассисаҳо барои ҳамаи иштирокчиён Ифтихорномаву Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳо дар байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои маърифатӣ мусоидат менамояд. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик буда, бо талошу заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Аз ин рӯ аз ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи имрӯза бояд баҳри таҳким ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон саъю кӯшиш намояд.

389387388

Чунин озмунҳо метавонанд дар қалби наврасону ҷавонон ҳисси худшиносӣ, муҳаббат ба Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллиро бедор намоянд ва имконият медиҳанд, ки онҳо бештар ба мутолиаи шеърҳои пурмазмуни шоирони классику муосири тоҷик рӯй оварда, бо ҳисси ватандӯстӣ боз ҳам бештар ба илму дониш таваҷҷӯҳ намоянд.
Абдулло Шоҳиён
Далер Чоршанбе, ВМКБ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика