Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ

43

- Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо риояи интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбия ёфта, дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории давлат мебошад, - иброз намуд муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД майор Қандил Раҷабализода, дирӯз зимни баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия, мушкилот ва пешниҳодҳо», ки бо ташаббуси Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дар қисми ҳарбии 3502 ба роҳ монда шуд.

444546

Дар он намояндагони Вазорати мудофиа, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Академияи ВКД, Гвардияи миллӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардори шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии РҚД ВКД полковник Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар зимни баромад зикр намуд, ки ҳар як кишвари соҳибистиқлол сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиаш бо ҷараёни инкишофу таҳаввули ҷаҳони муосир ҳамқадам ва ҳамнаво бошад. Вобаста ба ин, санадҳои марбут ба пешбурду татбиқи сиёсати давлатӣ бо мурури замон ба вуҷуд меоянд, тағйиру такмил меёбанд ё санади наве дар ин замина қабул карда мешавад.
Аз ин ҷост, ки зарурати таҷдиди назар ба Консепсияи амалкунандаи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. Корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ раванди таъсиррасонии мақсадноки системавӣ ба ҳамаи категорияҳои хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ мебошад, ки бо мақсади дар онҳо ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқию психологӣ ва ҷангӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Савганду уҳдадории ҳарбӣ ва бечунучаро итоат намудан бо фармонҳои командирон ва сардорон мебошад.
Дар идомаи конференсия иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Хусусиятҳои тарбияи ҳарбиву сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корҳои тарбиявӣ ва фардӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ», «Корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва сиёсӣ-идеологӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии мамлакат», «Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, омили ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», «Самтҳои асосии корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ» ва «Пешгирии ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо дар байни хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар қӯшунҳою воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карда шуд.

4748

Дар фарҷом миёни иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо сурат гирифта, ба иштирокчиёни фаъол аз номи Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Суҳроб Рауфзода Ифтихорнома тақдим карда шуд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика