Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ

Ба мақомоти милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2016, марди 35-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 240.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, марди 74-солаи сокини пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки соли 2011, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10.000-доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи "Дулан", бо арзиши 65.000-доллари амрикоӣ, ҷамъ 75.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ҳамин монанд, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт, марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 13 майи соли 2016, марди 38-солаи сокини ш. Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика