Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти «Кукнор-2019» дар РВКД ВМКБ

63

Ҳамасола дар дунё миллионҳо одамон аз истеъмоли маводҳои марговари мухаддир ҷони худро аз даст медиҳанд. Бинобар ин тибқи талаботи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо талошу кӯшишхои дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкору пешгирӣ намудани он ва бо бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо мутаасифона чунин маводҳои заҳрогин то кунун дар ҷомеа ёфт мешаванд.
Бинобар ин, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Кукнор-2019» дар ду марҳила: марҳилаи якум аз 1-уми июн то 31-уми август ва марҳилаи дуюм аз 1-уми сентябр то 30-юми ноябр аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар робита ба ин, тибқи талаботи ВКД ҶТ бо супориши Роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ, аз тарафи РВКД дар ВМКБ нақша-чорабании махсуси амалиёти «Кукнор -2019» тартиб дода шуда, тадбиқи амалии ҳамарӯзаи он ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корхои оперативӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар ВМКБ дар заминҳои ғайрикорами ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиёда аз 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдонаи худрӯйи навъи ҳиндӣ ошкор ва пурра решакан карда шуда, ба РВКД дар ВМКБ дастрас карда шуданд.

6465

Мувофиқи нақша-чорабинӣ амалиёти «Кукнор-2019», аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.
Ситоди байнидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ва дар пойдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Кароматулло Абдуллоев, Далер Чоршанбе, ВМКБ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика