Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии зиёда аз 46 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар ноболиғон, писарбачагони 16-17-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд. 

Номбурдагон, рӯзи 2-юми майи соли 2019, тахминан соати 14:00-дақиқа, такроран санаи 12-уми майи соли ҷорӣ ва рӯзи 2-юми июни соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 34000 сомонӣ, 35000 рубли ФР, 500-доллари ИМА, 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-5»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа, ба зани номбурда ҷамъ ба маблағи 46 ҳазору 800 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Нисбати ноболиғони мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика