Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт

197

Рӯзи 15-уми майи соли 2019 дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат бар меоянд ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Навободи шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, омӯхтани илму дониш ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. тариқи слайд ва пахши видео-роликҳо ба мардум сабабу омилҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ фаҳмонида, қайд кард, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

198199

Дар хотима, сокинони ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт аз баргузории сӯҳбати озоду самимӣ ба роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт изҳори миннатдорӣ намуда, бо қаноатмандӣ аз фаъолияти имрӯзаи милитсия зикр карданд, ки чунин вохӯриҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ таъсирбахш мебошанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика