Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи марговар дар роҳҳои кишвар

Рӯзи 15-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21011», Шермуродов Нуриддин Анорбоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркашонии тамғаи «Мерседес-Бенс-2541», таҳти идораи ронанда Кенҷазода Оқилбой Олимбой, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21011» Шермуродов Н.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.
Рӯзи 15-уми майи соли 2019, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсюбиси Паджеро”, Назаров Маъруф Иматбекович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Қалъаихумб-Хоруғ” дар ҳудуди деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, ба ҷарии 46 метр ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Назарова Завлона Умроновна, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Дарвоз дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика