Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии вазъи садаманокӣ ва роҳҳои пешгирии қоидавайронкуниҳо

315

Ҳафтаи сипаришуда дар толори РВКД дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобили РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур дар чор моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомуддин, сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Солеҳзода Файзиддин, кормандони ШБДА ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Солеҳзода Ф. оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобили РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар чор моҳи соли 2019 ҳисобот дода, қайд кард, ки ҳангоми назорати ҳамарӯза аз болои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо шумораи зиёди қоидавайронкуниҳо ошкор гардида, нисбати қонунвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳо ирсол карда шуданд.
Баъд аз ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони БДА дар ин давра ҷиҳати пешгирии вайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ ва оинаҳои сиёҳкардашуда як қатор чорабиниҳои мақсаднок роҳандозӣ гардид.

316317

Бо мақсади тарғиби Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар ин самт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ барномаҳои телевизионии «Чароғаки роҳнамо» ташкил ва баргузор гардиданд.
Аз ҷониби масъулини ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон вазъи садаманокӣ, сабабу шароитҳои содиршавии онҳо мунтазам мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, баҳри ба эътидол овардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар хотимаи ҷаласа дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобили РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур расонида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика