Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии аризаҳои шаҳрвандон оид ба ҳодисаҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2017, марди 49-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш автомашинаи тамғаи "Тайота Камри"-ро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2015, марди 54-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи 91-уми ноҳияи Синои ш.Душанбе, аз биноҳои баландошёна хонаи 2 ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода истодааст.
Аризаҳои шаҳрвандони мазкур оид ба ҳодисаҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика