Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст доштани се ноболиғ дар 8 дуздӣ

518

Охирҳои моҳи апрел дуздиҳои пай дар пай аз манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон фазои нороҳаткунандаро ба бор овард. Манзилҳое ҳадаф қарор мегирифт, ки соҳибонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва муваққатан беназорат буданд. Дар фосилаи 4 шабонарӯз воридшавии дуздон ба 8 манзили истиқоматиро милитсия ба қайд гирифт. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯшан сохт, ки се ноболиғи чапдаст, сокинони таҳҷоӣ хонандагони мактаб бо маслиҳати пешакӣ дуздиҳоро содир намудаанд, ки ду нафари онҳо 15-сола ва сеюми 13-сола мебошад.

519520521

Дар ҳамаи дуздиҳо ноболиғони чапдаст бо кӯмаки якдигар деворҳои иҳотавиро убур карда, барои ворид шудан ба дохили ҳуҷраҳо аз асбоби мурваттоб истифода намудаанд. Ороишоти тиллоии занона, телефон, ДВД ва дигар дастгоҳҳои маишӣ ғанимати ба даст овардаи гумонбаршудаҳо мебошад, ки байни ҳам тақсим кардаанд. Молу ашёи дуздидашуда маҷмуан зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ аст. Ба ғайр аз ин шикастани тиреза, корношоям кардани қулфи дар ва дигар асбобҳо зарари иловагиро ташкил медиҳад.
Ноболиғон дар вақту соате, ки бояд дар муҳити оила қарор гиранд, яъне шабона бо маслиҳати пешакӣ дуздиҳоро содир намудаанд. Ба чунин амали доғоваранда мумкин буд ин наврасон олуда нашаванд. Агар падару модар дар тарбияи онҳо бепарвоӣ зоҳир накарда, уҳдадории дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муқарраршударо ба ҷо меоварданд.
Дарк накардани оқибати рафтор ба доғдор гаштани шахсияти ноболиғон мусоидат кард. Аз рӯи ҳодиса бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика