Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони русӣ - забони муоширати байни халқҳо

309

Масъалаи омӯзиш ва рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Махсусан, нақш ва мақоми забони русиро дар фазои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан ба маврид аст. Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

310

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ(забонҳои русӣ ва англисӣ) ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, таҳти назорати махсуси роҳбарияти ВКД ҶТ ва Академияи он қарор дорад. Забонҳои русӣ ва англисӣ на танҳо дар доираи Барномаи таълимии омӯзиши забонҳо, балки дар шакли дарсҳои иловагӣ, маҳфили илмии курсантон (МИК), викторина, мизи мудаввар, озмуни забондонӣ, қироати беҳтарин бо забонҳои русӣ ва англисӣ, дарсҳои фардӣ ва дигар намудҳои омӯзиши забонҳо амал намуда истодаанд.
Викторина аз фанни забони русӣ дар байни курсантони курси якум, ки дар толори фарҳангии Академияи ВКД ҶТ бо мақсади санҷиш ва мустаҳкам намудани савияи забондонии онҳо баргузор гардида, як намуди омода намудани курсантон ба сессияи тобистона аз фанни забони русӣ мебошад.
Дар викторина 5-гурӯҳ бо номҳои «Звезда», «Щит и меч», «Навруз», «Дружба», «Опера» 7-нафари аз ҳар гурӯҳ иштирок намуда, ҳар кадом рамзи худро дошт ва ба саволҳо бо навбат ҷавоб медоданд.

311

Гурӯҳи ҳакамон ба ҳар як ҷавоби иштирокчиён баҳо гузошта, дар фарҷом ғолибонро муайян намуданд.
Чунин маҳфилҳо дар Академияи ВКД ҶТ дар шумори чорабиниҳои доимии байни курсантону шунавандагон ба ҳисоб мераванд.
Азизаи Давлатшоҳ
полковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика