Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди меҳмонон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

181

Дар идомаи сафари расмии корӣ намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шиносоӣ пайдо намуданд.
Нахуст дар доираи боздид аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тсзяню бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дод. Номбурда зимни суҳбати худ иброз дошт, ки дар идомаи сиёсати стратегии сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин бо шаҳри Душанбе муносибатҳои дӯстонаи ҳамкориҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, имрӯзҳо робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкориҳои низомии дуҷониба тақвият ёфта истодааст. Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин замина дар доираи санадҳои баимзорасидаи байни вазоратҳои ду кишвар сафарҳои кориву мулоқотҳои дуҷониба ҳар сол ба роҳ монда мешавад, ки ин метавонад дар табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони милитсия мусоидат намояд. Бо истифода аз фурсат ҷаноби Сун Тсзянюй ҳайати милитсияи шаҳри Душанберо барои фаро гирифтан ба таҳсилу фароғат ба шаҳри Нанкин даъват намуд.

182

Сипас ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тсзяню ёрии техникӣ, ки иборат аз 1 адад автобус, 1 адад автомашинаи сабукрав (ҶИП) ва дигар воситаҳои техникӣ ва мухобиротӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ мебошад, ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе намоиш дода, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти политсияи шаҳри Нанкин ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе расман супорида шуд. Зимнан зикр гардид, ки ингуна ёрии техникӣ барои милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ идома дода мешавад.

183184

Дар идомаи боздид, ҷонибҳо дар толори хурди Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика