Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласа бо ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Бохтар

16

Ҳафтаи сипаришуда дар толори «Кохи Ватан», воқеъ дар шаҳри Бохтар ҷаласаи роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон бо ронандагони воситаҳои нақлиёт баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода, муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоҳир, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомудин, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон Солеҳзода Файзиддин, сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон, роҳбарияти ширкатҳои нақлиётии вилояти Хатлон ва 252-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ширкат доштанд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, риояи қоидаҳои ягонаи ҳаракат дар роҳ ва амри Раиси вилоят аз 13 марти соли 2019 «Оид ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт, бартараф намудани тамбашавӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба низом даровардани воситаҳои нақлиётӣ мусофиркашониву боркашонӣ» ҷаласа баргузор гардид.
Дар аввал муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода И.С., аҳли нишастро ба Раёсати ҷаласа вохӯрӣ ва рӯзномаи он шинос намуда қайд кард, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, риояи қоидаҳои ягонаи ҳаракат дар роҳ, ташвиқу таблиғот хизматҳои арзишманде ба анҷом расонида, дар сатҳи баланд таъмин намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётиро дар кӯчаву роҳҳо, ташкили назорат аз руӣ ҳолати техникӣ ва истифодаи дурусти он таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҳамарӯза назорат намуда истодаанд.

17

Зимни чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар зикр намуд, ки бо мақсади танзими ҳаррӯзаи ҳаракати нақлиёт, рафтуои бемамонияти аҳолии вилоят дар кӯчаю хиёбонҳо кормандони БДА пайваста чорабиниву амалиётҳои мақсаднок таҳия намуда, амалӣ гардонида истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамдигарфаҳмии байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва баъд аз он байни ронандагону кормандони БДА вобаста ба таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар қаламрави вилоят вобастагии зич дорад.
Маданияти шаҳрдорӣ, тартибу интизом дар таваққуфгоҳҳо ва содир намудани ҷиноят, аз ҷумла садамаҳои роҳу нақлиёт ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задани баъзе ронандагон суханронӣ намуда, барои таъмини иҷроиши амри раиси вилояти Хатлон аз 13 марти соли 2019 таҳти №7 «Оид ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт, бартараф намудани тамбашавӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба низом даровардани воситаҳои нақлиёти мусофиркашонию боркашонӣ» ба роҳбарони ширкатҳо ва ронандагон дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод карданд ва ба саволҳои сершумори ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ҷавобҳои саҳҳеҳ ва дақиқ доданд.
Баъдан муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода У.Т ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода А. баромад намуда, вобаста ба таъмин ва бунёд намудани таваққуфгоҳҳо ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва пешгирии тамбашавӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои дахлдор, БДА ва дигар хадамотҳои милитсия изҳори назар намуд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика