Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи роҳбарони Сармарказҳои иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ИДМ дар шаҳри Москва

251

Рӯзҳои 17-19-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо – иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз Вазоратҳои корҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази зиддитеррористии давлатҳо-иштирокчии ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Шулика Виталий Дмитриевич оғоз намуда, дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам ва дурнамои рушди ташаккул ва истифодаи Махзани иттилоотии байналмилалӣ дар намуди электронӣ бо хати алоқаи муҳофизатшаванда» фикру андешаҳои худро иброз дошт.

252253254

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Боймаҳмадзода Музафар Қурбон муаррифӣ намуда, дар мавзӯи «Оид ба имкониятҳои ташкили мубодилаи ҳармоҳаи иттилооти оморӣ» муфассал баромад кард.
Зикр гардид, ки кафили муваффақият ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ин истифода бурдани маҷмӯи иттилооти мавҷуда ва мукаммал намудани технологияи махзани иттилоот мебошад.
Асос барои рушди минбаъдаи фазои умумии иттилоотӣ, ин таъсис додани Махзани иттилоотии байналмилалӣ ва самаранок истифода бурдани он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид, ки таъмини иттилоот, ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои оперативиро оид ба кофтукови шахсон, автомашинаҳо ва силоҳ дар тамоми ҳудуди давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон фароҳам меорад.
Дар ҷараёни ҷаласа, иштирокчиён доир ба масъалаҳои тартиби пешбурди баҳисобгирии қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда мубоҳисаю музокира намуда, як зумра таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

255

Дар хотимаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расида, як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика