Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасамёдкунии наваскарон дар шаҳри Турсунзода

402

Хизмат ба давлату миллат, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон барои ҳар фарди ватандӯст ифтихор аст. Рӯ овардани ҷавонон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доштани онҳо дарак медиҳад.
Рӯзи 20-уми апрели соли 2019 дар назди пайкараи И.Сомонии шаҳри Турсунзода маросими тантанавӣ бахшида ба савгандёдкунии 211 нафар наваскарони навдаъватшудаи қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Рауфзода Суҳроб Орзу, Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Юсуф, собиқадорон, волидайни наваскарон ва роҳбарияти қисми низомӣ иштирок доштанд.

403404

Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Юсуф, меҳмонон ва падару модаронро ба ин рӯзи фаромӯшнашаванда, маросими савгандёдкунии наздиконашон табрику муборакбод намуда, бо боварӣ зикр намуд, ки наваскарон ба Савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву самимона хизмат хоҳанд кард.
Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Рауфзода Суҳроб Орзу низ дар ин ҷамъомад суханронӣ намуда қайд кард, ки ба Артиши миллӣ ба хизмат рафтани ҷавонон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромада, онҳое ки ба хизмати Модар-Ватан сафарбар карда мешаванд, маросими савгандёдкунӣ барояшон ҳамчун санаи фаромӯшнашаванда ва хотирмон боқӣ хоҳад монд.

405406

Бояд таъкид намуд, ки аксари он наваскароне, ки Савганд ёд карданд ҷавононе, буданд, ки бо майлу хоҳиши худ ба хизмат омадаанд. Донишу маърифат ва фарҳангу маданияти сарбозон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо воқеъан бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстдорӣ хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика