Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон ва ронанда дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ

19.04.с.2019, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-RX 350", Ахмедов Муҳаммадсолеҳ Қосимович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт, аз тарафи кӯчаи Карамов ба самти дидбонгоҳи ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Хуҷамбиёи Поён, пиёдагарди ноболиғ, Гулов Анас Хуршедович, соли таваллудаш 2010, сокини кӯчаи зикргардидаро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.
19.04.с.2019, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нисан-Максима”, Давлатов Нуралӣ Давлатович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Алимов Абдусамад Ҷабборович, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соатҳои 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Рабиев Негмат Бобоҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Сомғор” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика