Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии телефонҳои гаронарзиш аз ҷониби ду марди қаблан судшуда

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 20-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми апрели соли 2019, тахминан соати 11:00-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи Шамсӣ бо тариқи пинҳонӣ аз дохили сумкаи чарминаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-7”, ки арзишаш 7000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 25 ва 26-солаи сокинони шаҳри Ҳисорро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамчунин оид ба ҳолати дуздӣ марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми апрели соли 2019, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар назди беморхонаи “Шифобахш”, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галекси С-6”, ки арзишаш 2 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду марди 25 ва 26-солаи дар боло зикргардидаи сокинони шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика