Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат бояд кард!

Дар рӯзномаи «Тоҷикистон» №13 (1316) аз 27 марти соли 2019 хабар таҳти унвони «Маст набудам, мастам карданд…» чоп шудааст, ки гӯё кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати шаҳрванд Аминқулова (дар асл Алимқулова) Гулчирой дағалӣ ва зӯроварӣ намуда, ӯро таҳқир намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ин иддао комилан нодуруст буда, Алимқулова Гулчирой Чутовна баръакс ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, нисбати онҳо дағалӣ намудааст.
Рӯзи 2-юми августи соли 2018, тахминан соати 18:20-дақиқа, Алимқулова Гулчирой Чутовна аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 72-15 ВН 01 ҳаракат намудааст.
Дар чорроҳаи назди идораи Маорифи ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур, лейтенанти милитсия Бобохуҷаев Диловар Мирзоевич ва сержанти милитсия Умаров Алишер Ибодуллоевич мувофиқи нақшаи пешниҳодгардидаи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар назди Маркази саломатии шаҳраки Сомониён дар хизмат қарор дошта, аз доираи қонун пешбиникардаи ваколатҳои мансабиашон берун набаромада, бо гумони дар ҳолати мастӣ қарор доштани шаҳрванд Алимқулова Г. ӯро боздошт кардаанд. Ҳангоми манъ намудани автомашинаи мазкур мусофири дохили он, корманди нуқтаи таъмири автомашинаҳо бо номи Раҳматулло, ки нӯшокии спиртӣ нӯшида будааст, аз автомашина фаромада фирор мекунад.
Вале, Алимқулова Г. ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, бо кормандони милитсия баҳсу мунозира намудааст.
Бо сабаби муайян кардани ҳолати мастӣ кормандони милитсия аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки ба автомашинаи онҳо нишаста ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ раванд. Алимқулова Г. бо онҳо ҷанҷол карда, норозигӣ баён намуда, бо автомашинаи худаш нишаста, ба Шуъба омадаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Алимқулова Г. ягон зӯроварӣ сурат нагирифтааст.
Алимқулова Г. дар Шуъбаи мазкур автомашинаашро монда, кормандони милитсия роҳхат барои муайян кардани ҳолати мастии ӯ гирифта, ӯро ба ҳушёрхона, воқеъ дар шаҳри Душанбе оварда, аз ташхис гузаронидаанд ва ташхис муайян намудааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор надорад.
Онҳо ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ баргашта, номбурда автомашинаашро гирифта рафтааст. Оид ба он, ки гӯё кормандони милитсия аз ӯ талаб кардаанд, ки як зиёфат кунад, ягон асос надорад.
Ин ҳодиса рӯзи 2-юми августи соли 2018 рух додааст, вале Алимқулова Г. оиди лату кӯб рӯзи 6-уми августи соли 2018 санади тиббӣ - судӣ дастрас намудааст, ки ин шубҳаовар буда, саволе ба миён меояд, ки чаро дарҳол нею баъд аз гузашти 4 рӯз муроҷиат намудааст.
Бояд зикр кард, ки вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ санҷиши воқеъбинона сурат гирифта, муайян карда шудааст, ки дар кирдори кормандони милитсия аломатҳои таркиби ҷиноят ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ мавҷуд нест.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ, ва ҳуқуқбунёд буда, дар он зану мард баробарҳуқуқанд. Риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика