Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи навбатии ҳарсолаи сарони БММ Интерпол дар шаҳри Лиони Фаронса

12

13Рӯзҳои 9-11-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса конференсияи навбатии ҳарсолаи сарони Бюрои Марказии Миллии Интерпол таҳти шиори «Бехатарии ҳақиқии глобалӣ дар он сурате муяссар мегардад, ки кормандони политсия дар тамоми дунё даст ба дасти ҳам кор кунанд» бо иштироки 315 намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 150 давлат баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм муаррифӣ намуд.
Дар маросими ифтитоҳи конференсияи мазкур бо сухани табрикотӣ Президенти Интерпол Ким Чон Ян баромад намуда, қайд кард, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми кормандони политсияро водор менамояд, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд.
Ким Чон Ян нақши ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо дигар сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони сектори хусусӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар рафти конференсия як қатор масъалаҳое, ки ба муосиркунонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади вокуниши самаранок ба таҳдиду хатарҳои ҷинояткории байналмилалӣ дахл доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

220

Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия вохӯрии директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм бо Котиби Генералии “Интерпол” Юрген Шток доир гардида, масъалаҳои мубрам, аз қабили кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

Дар робита ба ин оид ба густариш додани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо, тақвият бахшидани мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ як қатор таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика