Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шахсе, ки ҳамсар ва духтарандарашро бо табар задааст, корманди милитсия намебошад

Рӯзи 25-уми марти соли равон дар сомонаи “Аkhbor.cом” таҳти сарлавҳаи “Фоҷиаи гушношид дар деҳаи Мурутак” хабар нашр шудааст, ки гӯё корманди милитсия ҳамсараш Мавҷигул Азимова ва духтарандараш Манижаро бо табар чанд зарба задааст.

Шаҳрванд Ҷӯраев Саидбек Мамазарифович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Шерободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат, соли 2014 аз мақомоти корҳои дохилӣ барои иснод овардан озод карда шудааст.
Номбурда, рӯзи 24 марти соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо Набиева Мавҷуда Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Мурутаки шаҳри Ҳисор, аз сабаби муноқишаи оилавӣ ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ва духтараш Набиева Манижа Маҳмадраҳимовна, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Мурутакро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо табари дар дасташ буда ба сарашон задааст.
Дар натиҷа, Набиева М.Н. ва духтараш Набиева М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Нисбати шаҳрванд Ҷӯраев С.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҷинояткор ҳабс карда шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика