Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАВРӢ: ФАРМОИШИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

21.03.с.2019 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн шуд, ки дар он бозраси хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД ҶТ старшинаи милитсия (Сатторов Сафарбек Махмадсаидович-насаби қаблиаш) Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид бо шаҳрванд Шамсова Мадина Муқимҷоновна соли таваллудаш 1986 пеш барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудааст, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ба мардуми роҳгузар дарафтода буд, баҳсу мунозира намуда, ҳангоми пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии Шамсова М-ро гирифтан бо номбурда дағалона рафтор намуда худ ба қонуншиканӣ яъне вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додааст, бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон старшинаи милитсия Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Ҳамзамон дар асоси ин фармоиш роҳбарияти Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика