Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар Раёсати ВКД дар нақлиёт

498

Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардида, ҷиҳати иҷроиш ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бо иштироки сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Қунғуродзода Фотеҳ ва ҳайати шахсии Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва зерсохторҳои он машварати оперативӣ-хизматӣ доир гардид.
Нахуст сардори Раёсат генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода иброз дошт, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар беҳтарсозии сатҳу сифати зисту зиндагонии шаҳрвандон мусоидат намуда, дар баробари ин инфрасохтори лозимӣ дар деҳотҷойҳо бунёд хоҳад гашт, ки бо фароҳам гардидани ҷойи корӣ сатҳи зиндагонии сокинони кишвар беҳтар мегардад. Чунин иқдом аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар сарчашма гирифта, баҳри беҳбудёбии зиндагонии шаҳрвандон равона гардидааст.

499

Тавре дар ҷараёни ин нишаст иброз гардид, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт низ чун дигар ҷузъу томи мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.
Вобаста ба ин ҷиҳати иҷрои қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар қисмати дигари ин нишаст ҷаласаи таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб дар дохили роҳи оҳан ва фурудгоҳу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар зерсохторҳои он баргузор гардид.
Чуноне Фотеҳ Қунғуротзода иброз дошт, саҳми кормандони шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ошкору муайянсозии нафарони ҷинояткор ва пешгирии ҳолатҳои нохушоянд дар ҷойҳои ҷамъиятии марбут ба роҳи оҳан ва фурудгоҳ назаррас мебошад. Кормандони ин ниҳоди қудратӣ, ҷиҳати озоду бехатар сафар намудани мусофирон тариқи роҳи ҳавоиву роҳи оҳан саҳмгузор буда, дар ҳолати мушоҳидаи ҳолатҳои дағалона вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ чунин афрод дарҳол дастгир ва нисбаташ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
Дар ҷараёни ҷаласаи оперативӣ-хизматии таҳлилии мазкур сардорони шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷиҳати корҳои баанҷомрасонидашуда ва аз натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот доданд.

500

Аз ҷумла тавре зимни пешниҳоди ҳисоботи худ сардори Шуъбаи ҲТҶ РВКДН, подполковники милитсия Раҷабзода Ашур иброз дошт, танҳо дар давоми як моҳи сипаригардидаи соли 2019 аз ҷониби кормандони ин шуъба ва зерсохторҳои он дар маҷмуъ 412 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот дар дохили поездҳо, риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани маҳсулоти тамоку ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати шаҳрвандоне, ки талаботҳои қонунҳои амалкунандаро нодида гирифта, даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задаанд, нисбаташон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Тавре дар ҷараёни ҷаласа иброз гардид баъзе аз шаҳрвандон дар дохили поездҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба нӯшидани машруботи спиртӣ ва истифодаи маводҳои тамоку машғул мешаванд, ки бо ин амалашон оромии дигар мусофиронро халалдор месозанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, бехатарӣ ва осудаҳолии шаҳрвандон ҳангоми сафар таъмин карда мешавад.
Зимни таҳлили фаъолияти нозирони милитсияи ин ниҳоди қудратӣ сардори Раёсати мазкур бори дигар таъкид бар он дошт, ки ҳангоми пешбурди фаъолияти хизматӣ бо шаҳрвандон, махсусан меҳмонони хориҷӣ хушмуомила ва муносибати хубро ба роҳ монанд.
Раҳмонқулзода Шараф, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика