Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкорёбии 35 ҳолати силсиладуздиҳо: Вобастагӣ ба бозиҳои компютериву марказҳои букмекерӣ ҷавононро ба ҷинояткорӣ бурд

414

Гарчанде аз таъсири бади бозиҳои компютерӣ ва марказҳои букмекерӣ ба руҳу равони ноболиғону ҷавонон пайваста ҳушдор дода шавад, ҳам вале мутаассифона ҳастанд нафароне, ки бо гумони ба даст овардани маблағ вобастаи марказҳои букмекерӣ шудаанд. Чунин вобастагӣ бархе ҷавононро барои ба бозии он шомил шудан ба роҳи ҷиноят бурда аз роҳи дуздӣ маблағ ба даст оварда сарфи чунин марказҳо кардаанд.

Аз ҷумла, зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти милитсияи пойтахт се нафар ҷавонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсила ҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.

415

Инҳо шаҳрвандон Қосимов Алишер Шералиевич, соли таваллудаш 1996, Раҷабов Парвиз Негматуллоевич, соли таваллудаш 1998 ва Сайфуддинов Ҳайдаралӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд. Номбурдагон бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ ва шомил шудан ба бозиҳои букмекериву марказҳои компютерӣ, маслиҳати шикастани оинаи автомашинаҳои шаҳрвандон ва рабудани маблағу телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро намуда, асосан шабона ба ин кор даст задаанд.
Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ маълум гардид, номбурдагон шаби 15-уми декабри соли ҷорӣ бо шикастани тирезаи автомашинаи шаҳрванд Абдураззоқов Абдулло, ки дар назди бинои баландошёнаи кӯчаи Клагенфурт меистод аз дохилаш як адад компютери тамғаи «Самсунг» ва дигар таҷҳизотҳои компютериро, ки дар маҷмӯъ 4600 сомонӣ арзиш доранд, рабудаанд.
Ҳамзамон номбурдагон кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз дохили автомашинаи шаҳрванд Раҳимов Файзиддин, ки дар назди манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов меистод, оинаашро шикаста ду адад телефони мобилӣ ва маблағҳои пулии номбурдаро ба яғмо бурдаанд.

416

Мавриди зикр аст, ки аз кирдори содирнамудаи номбурдагон бори дигар собит гашт, ки беҳудагардии шабона ва машғул шудан ба бозиҳои компютериву вобастагии марказҳои букмекерӣ ин ҷавононро ба роҳи хато ва содир намудани ҷиноят бурдааст.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон дар содир намудани 35 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика